Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 озмун эълон менамояд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шудааст. Шумораи  ҷоизаи мазкур 12 (дувоздаҳ) адад буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000 (ҳазор) доллари ИМА мебошад.

Дар озмун довталабони то 35-сола, ки  дифои рисолаи илмиашон то 4 июни соли 2017 ҳимоя шуда, корҳои илмиашон  дар муҳлати на кам аз як сол мавриди амал қарор гирифтааст, метавонанд иштирок намоянд.

Ба иттилои манбаъ  дар озмун барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 4 июни  соли 2018 муайян шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 236-01-17, 235-19-53, 236-37-26 ва 236-42-66 дар тамос шаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: