ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик  бунёду навсозии 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни замон  корҳои сохтмонӣ  дар  113 бино  идома доранд. Лоиҳакашии  20 иншооти дигари сохташаванда  дар арафаи анҷомёбӣ қарор  дошта, аз теъдоди умумии иншооти ҷашнӣ  то имрӯз   қариб 140  ададаш  ба истифода дода шудааст. Дар деҳаи Танобчии Поёни деҳоти Танобчии ноҳия  бо иқдоми соҳибкори ватанӣ сохтмони муассисаи томактабии хусусии дорои 60 кати хоб идома дорад. Яке аз соҳибкорони маҳаллӣ баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ  ба беморхонаи марказии ноҳия мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ дар ноҳия  дар маҷмӯъ 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ  ва 11 дӯкони ҳунармандӣ бунёд мегарданд. Аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ аллакай се маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона, нуқтаи савдо, коргоҳи дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ, нонвойхона ва дорухонаҳо  ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин навсозии маркази саломатӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба масофаи 1,5 километр, таъмири шабакаи оби полезӣ ба дарозии 1,5 километр, бетонпӯш намудани каналҳои селпарто ба масофаи 200 метр анҷом ёфта, дар ҳудуди боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия иншооти гигиенӣ — санитарии замонавӣ сохта шуд.

Аз ҷониби соҳибкорон навсозии толори варзишии муассисаи таълимии рақами 2 ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои маркази шаҳрак идома дорад. Дар ноҳия ҳамчунин  сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар маҷмӯъ, барои 2600 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Инчунин таъмири толори варзиши МТМУ № 2 ҷараён дошта, сохтмони толору майдончаи варзишӣ дар назди интернати наздимактабии деҳоти Кангурт дар назар аст.

Дар ноҳия дар мавсими ободонӣ ва  сабзазоркунӣ 11,6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва қариб 96,5 ҳазор бех гулу гулбутта шинонда шуданд, ки ин ҳусни мавзеъҳои сайругаштии ноҳияро боз ҳам зеботар намуд.

Ҳамчунин 212 гектар боғ ва 6,5 гектар токзори нав бунёд ёфта, 22 гектар боғи кӯҳна аз нав барқарор гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: