21-22 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва баъзе сармоягузорони амрикоӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иштирок намуд.
Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи мазкур оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, махсусан дар робита ба иштироки кишвар дар ТИФА, тақвияти рушди содирот, содагардонии расмиёти савдо, монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ТИФА маълумот пешниҳод намуд.
Инчунин тарафҳо вобаста ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, аз ҷумла корҳои амалигардида дар самти иҷрои муқаррароти Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо, такроран ворид нагардидани мамлакат ба рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, бозхонди ҷумҳурӣ аз Иловаи Ҷексон – Веник, истифодаи Низоми умумии бархурдории GSP ва зиёд намудани кумакҳои техникии ИМА-ро баррасӣ карданд.
22 октябр ҳайати Тоҷикистон дар доираи Форуми соҳибкории солонаи Ӯзбекистон ва ИМА дар панели сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории иқтисодӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” иштирок намуда, ба саволҳои сармоягузорони ИМА оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ ва роҳҳои тақвият додани савдо ва сармоягузорӣ бо ИМА посух дод.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибати дӯстона ва иқдоми неки сарони давлатҳо сарчашма мегирад.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои ТИФА ҳамасола баргузор гардида, дар доираи он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, рушди савдои минтақавӣ, рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, стандартҳо, меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ ва савдои рақамӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода мешаванд.
АМИТ «Ховар»