13 апрели соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея Ли Ён Хо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда дар минтақа мебошад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба саъю кӯшишҳои Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея барои ҳимояи манфиатҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аҳамият ва зарурати риояи қатъии қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро доир ба табдили нимҷазираи Корея ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ таъкид менамояд.
АМИТ "Ховар"