Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Канада мулоқот намуд

30 январи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Канада дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Остона) Николас Бруссоро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Канадаро матраҳ карданд.

Мусоҳибон ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Канада ҳавасмандӣ баён намуданд. Дар ин робита ба зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм ишора карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов ҷиҳати иштироки фаъоли ҳайати Канада дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ” (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) даъват ба амал овард.

Атрофи масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

АМИТ "Ховар"