Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комисся таъсис дод. Ҳайати ин комиссия тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе минбаъд лоиҳаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони биною иншоотро танҳо дар асоси протоколи комиссияи мазкур таҳия ва барои мувофиқасозӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ пешниҳод менамоянд.
Дар асоси ин қарор муқаррар шудааст, ки ҷаласа оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои марбута дар назди муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, масъулини масъалаҳои сохтмон, меъморӣ ва замин бо иштироки раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор гардида, аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод карда мешавад.
АМИТ "Ховар"