Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Португалия соҳиби медали нуқра гардид

17-18 марти соли равон дар шаҳри Коимбраи Португалия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

«Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг бар варзишгарони италиявӣ Комӣ Бедел, португалиявӣ Ҷоа Алмеида, нидерландӣ Яннер Ван Дер Колк ва франсавӣ Ҳуго Метифиот ғолиб омада, ба даври нимфинал роҳ ёфт, — омадааст дар хабарномаи Кумитаи олимпӣ. – Дар нимфинал ӯ варзишгари дигари италиявӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари исроилӣ Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардид».

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 485 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Аз рӯи натиҷаҳои даставӣ, Россия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои аввал, Испания бо 4 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои дуввум ва Нидерландия бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои севвумро ишғол намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: