Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз-дар рӯзи аввали баҳор дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.
Имрӯз, 1 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти шарқ шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"