Имрӯз ҳавои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар робита ба ҷашнҳои фараҳбахш муътадил хоҳад шуд

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,    дар ағбаҳо фаромадани туман   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  +6+11  ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20   ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар ағбаҳо   фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона  7+12   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст.    Ҳарорат шабона -1+4  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона 0+2  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"