Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар дошта шудааст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва  тағйирёбандаи бебориш дар назар  дошта шуда, дар ғарби вилоят шабона 4 — 9 дараҷа хунук ва  рӯзона  6+11  гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+2  ва рӯзона 10+12   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбандаи бебориш  шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+4 ва рӯзона +9+12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш ва баъзан фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона -1+6  ва рӯзона  ба  12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат  шабона 3+5  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"