Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст.
Имрӯз, 27 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрнок гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, баъзан дар ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 7-12 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"