Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст.
Имрӯз, 26 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона -4-1 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 7-12 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"