Имрӯз, 7 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 дараҷа ва дар шарқи он 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе маҳалҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 23-28 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"