Арзиши лоиҳавии роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб зиёда 165 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад кӯпрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.
Мутобиқи нишондоди мутахассисон, самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.