Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Фестивали “Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мегардад. Ин фестивал бори аввал роҳандозӣ карда мешавад. Дар ин бора Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода хабар дод.
Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҳунармандони ҷумҳурӣ бошанд маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Қарор аст ин тадобир минбаъд ба ҳукми анъана дароварда, ба усули доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки барои муаррифии Наврўзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон барои ширкат дар таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд.
АМИТ "Ховар"