Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 6 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.
Сумангул Тағойзода зикр кард, ки соли 2017 Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2559 адад субъектҳои хоҷагидори ҷумҳуриро мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷаи он 9050 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд. Аз ин 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 358 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ дахл доранд.
«Ба 577 нафар корфармоён ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо барои вайрон намудани қонунгузориҳои соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардида, бо дахолати кормандони хадамоти мазкур дар натиҷаи санҷишҳо 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд», — иброз дошт вазир дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.
Сумангул Тағойзода ҳамчунин иброз дошт, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 49 ҳазору 207 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Ин нишондиҳанда 131,1 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9867 нафар ё 25,9 фоиз зиёд мебошад.
АМИТ"ХОВАР"