Душанбе: Тармафароӣ бензинро ҳам гаронбаҳо кард

Рӯзҳои охир дар пойтахти кишвар, шаҳр Душанбе қиммати сӯзишвории бензин якбора боло рафта, ба шаш сомонӣ расидааст.
Муштариён мегӯянд, ки дар як ҳафтаи охир нархи 1 литр бензини  навъи АИ-92 аз 5 сомонию 10 дирам ба 6 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар  ҳолест, ки дар Хуҷанд як литри чунин навъи бензин 4 сомонию 70 арзиш дорад. Ҳамчунин дар ин муддат қимати газ ҳам якбора баланд рафта, ба 3 сомонию бист дирам расидааст. Дар Хуҷанд бошад нарх фарқ мекунад ва ҳоло қимати ин навъи сӯзишворӣ 2 сомонию 10 дирам мебошад.
Бояд гуфт, ки дар пойтахт на танҳо нархи сӯзишвориҳо боло рафтаву инчунин дар бозорҳои Душанбе маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили картошкаву пиёз низ ҳудуди 40-50 фисад боло рафтааст.
Ҳолдонон сабаби якбора боло ҷаҳидани нархи сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти аз шимоли кишвар ба пойтахт интиқол мешударо дар баста шудани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сабаби боришоти пайдарпайи ҳафтаҳои охир медонанд.

Tags: