Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат вазифаи муҳими мақомоти назоратӣ, аз ҷумла, прокуратура маҳсуб мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо хабарнигорон иброз дошт.
Ба иттилои номбурда, дар ин самт ҳолатҳои зиёди ворид намудан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ, аз ҷумла, маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ ва бозичаҳои кӯдакона ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Зикр шуд, ки соли 2017 дар ин самт 212 санади эътиноӣ бароварда шуда, 1532 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шудаанд. Ҳамзамон нисбат ба ин ҳолатҳо 180 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 146 ҳазор сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.
Дар робита ба ин Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ хабар медиҳад, ки давоми соли 2017 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 388015 кг маҳсулоти гӯштӣ, 6107 кг маҳсулоти қаннодӣ ва 27308 дона бозичаҳои кӯдаконаи ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда аз муомилот гирифта шуданд.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории зарурӣ амалӣ намуда, ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо ин мақсад аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, мақомоти прокуратура гурӯҳҳои назоратӣ ташкил гардидаанд, ки ҳамарӯза ҳолат ва сифати маҳсулоти истеъмолиро дар мағозаву бозорҳо мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
АМИТ "Ховар"