Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Раиси Кумитаи
андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Исмоилзода Х.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исмоилзода Хуршед Исмоил муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи
андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷабборов Р.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷабборов Рустам Тухтасинович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сайдализода С.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сайдализода Суҳроб Қурбон аз вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода Х.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Хуршед Абдураҳмон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Х.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2018
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдуфатоҳи Ғоиб

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуфатоҳи Ғоиб бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМИТ"ХОВАР"