Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд.
Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр”-и шаҳри Душанбе мебошанд. Лоиҳаро бошад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САНИОСП» таҳия кардааст.
Барои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани варзишгоҳ 15 милллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. Он барои 6000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, макони хуби баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ мебошад. Дар варзишгоҳ чор нишастгоҳи росткунҷашакл ва бинои қабули меҳмонони олимақом бунёд шуда, масоҳати умумии иншоот аз руи лоиҳа 12 ҳазору 451 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сохтмончиён дар вақти бунёди варзишгоҳ ба масъалаи таъмини тамоми инфрасохтори он аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо 4 ҷойи либосивазкунӣ, дастуруйшуӣ, утоқи кории мураббиён, доварон ва толорҳои махсуси маҷлисгузаронӣ сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия, ки ба пешвози роҳбари ояндасози худ омада буданд, мулоқот карданд.
Сарвари давлат нахуст ифтитоҳи иншооти калони варзиширо ба мардуми ноҳия муборакбод намуда, онҳоро бо фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини ноҳия барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, бо имтинон иброз доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз тадбирҳои ояндадор баҳри рушду ободии бештари ҷумҳурӣ талош меварзанд.