Имрӯз, 10 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад»,- хабар дод манбаъ.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"