4 январи соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд.
Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову маркази дастхатҳои ду кишвар меҳвари асосии мулоқот буда, дар он Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расад.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти соли 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфт. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар он ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи махсус дошта, теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Аз ҷумла, 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусаввар, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад, дар ин ҷо маҳфузанд.