Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт як зумра барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Роҳандозии иқдоми нав- аз ҷониби ронандагон нақлиёти мусофиркашонии пойтахт хизматрасонии ройгон ба мусофирон аз ҷумлаи онҳост.
Чуноне ки қаблан Хуршед Кабиров, мудири шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд, шурӯъ аз 20 марти соли равон то имрӯз дар ҳамаи хатсайрҳои шаҳр аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаши фаъол бо навбат як нақлиёти мусофиркаш ба мардум ба таври ройгон хизмат мерасонад. Ин иқдом минбаъд низ дар арафа ва рӯзҳои иду ҷашнҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.
Имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи пойтахт иқдоми идона таҳти унвони «Як рӯзи бе роҳкиро» оғоз гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар троллейбуси рақами давлатиаш 1092, ки ба ККВД «Троллейбус» тааллуқ дошта, дар хатсайри №1 ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ба таври ройгон хизмат мерасонид, бо чанд нафар мусофирони он ҳамсуҳбат гардид.
Фарзона Саидова, ки бо ҷамъи ҳамсабақонаш аз истгоҳи назди Маркази савдои «Садбарг» вориди троллейбус гардид, худро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ муаррифӣ намуд ва иброз дошт, ки иқдоми мазкур бахусус ба донишҷӯён хуш омад.
«Шахсан барои ман дидани чеҳраи хандону истиқболи хуши ронандагон ва мусофирони розӣ ниҳоят гуворост. Ва боз аз он хушҳолам, ки чунин иқдомҳои наҷиб дар пойтахт ба ҳукми анъана медароянд. Барои мо донишҷӯён бе роҳкиро як рӯз ҳам рафту омад кардан дар нақлиёти мусофиркаш сабукӣ меорад»,- мегӯяд Ф.Саидова.
Мусофири дигар — Низорамоҳ Тағоева, ки сокини пойтахт асту айни ҳол давлати пирӣ меронад, зикр кард, ки ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе махсусан барои дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён ва пиронсолону маъюбон нигаронида шудааст.
«Тайи чанд соли охир ҳаракати номунтазам ва камбудиҳои дигари нақлиёти мусофиркаши шаҳри мо табъи мусофиронро хира менамуд. Воқеан имрӯз табъи болида ва хушҳолии мусофиронро дида, ман низ шод шудам. Ин иқдом пайғом аз он аст, ки пойтахти Ватани мо- Душанбе боз ҳам рушд ёфта, мисли пойтахтҳои дигар давлатҳо ободу зебо мегардад. Ман аз ин пешравӣ ва ободкориҳо хурсандам ва шукрона мекунам»,- гуфт Озар Раҳимов, ҳамсуҳбати дигари мо дар ин нақлиёти мусофиркаш.
Хотиррасон менамоем, ки фардо, 15 апрел дар ҷашни Рӯзи пойтахт ин иқдом идома ёфта, 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU», ки чанд рӯз пеш ба пойтахт расиданд, дар хатсайри №1 ва №3 дар маркази шаҳр -хиёбони Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба таври ройгон ба мардум хизмат мерасонанд.
АМИТ "Ховар"