17 апрели соли равон ҳайати Бонки милли Тоҷикистон /БМТ/ дар доираи сафар ба шаҳри Вашингтони ИМА бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд. Зимни машварат масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилатӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо баррасӣ шуданд. Дар ин бора аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, машварати корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ — 2018 баргузор гардид.
«Зимни машварат Ҷ. Нуралиев махсусан таъкид намуд, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва вазъи молии онҳо мусоидат менамояд, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад», — омадааст дар хабари БМТ.
Иттилоъ дода мешавад, ки Директори Ширкати консалтингии «NAVIGANT» Еллен Зимилес оид ба хизматрасониҳои ширкат, таҳияи ҳисобот ва ташхис дар асоси маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳо, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар оянда мусоидат менамоянд, муаррифии муфассал пешниҳод намуд. Зимни муаррифӣ таваҷҷуҳи ҳозирин ба фаъолияти ширкат ва хизматрасониҳое, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ба бонкҳо замина фароҳам меоранд, ҷалб карда шуд.
АМИТ "Ховар"