Ҷумҳурии Ӯзбекистон охири тобистони соли 2018 роҳандозии раводиди электронӣ (E-Visa)-ро ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад портали «Подробно.уз».
«Харидорӣ ва насби таҷҳизоти зарурӣ, таҳияи барномаҳои махсус, инчунин гузаронидани корҳои санҷишӣ бо истифода аз инфрасохтори системаи мавҷудаи шиносномаҳои биометрии Ӯзбекистон аллакай тобистони имсол ба анҷом мерасанд»,-иттилоъ доданд аз «Госкомтуризме РУ».
Раводиди электронӣ имкон медиҳад, ки аз тартиботи пештараи навбат истоданҳо дар сафоратҳо даст кашида шавад. Акнун сайёҳон метавонанд тамоми ҳуҷҷатҳо ва анкетаҳоро ба воситаи Интернет супоранд ва дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобашро гиранд. Дар портали «Подробно.уз.» қайд шудааст, ки «чунин низом дар Тоҷикистони ҳамсоя роҳандозӣ шудааст, он ҷо раводид барои 90 рӯз дода мешавад».
Давоми шаш моҳи аввали соли гузашта ба Ӯзбекистон зиёда аз 1,1 миллион нафар сайёҳ сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 18% зиёд мебошад. Дар натиҷа хизматрасониҳои сайёҳӣ ба 694,5 миллион доллари ИМА расид.
E-Visa ба шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳҳои кишвар дар асоси аризаи хаттии онҳо, ки дар раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо супорида шудааст, дода мешавад. Тамоми пардохтҳоро барои гирифтани раводиди электронӣ метавон тавассути низоми байналмилалии пардохтии Visa ё MasterCard гузаронд.
Маврид ба зикр аст, ки низоми электронии барасмиятдарорӣ ва додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муваффақона роҳандозӣ шудааст. Имрӯз ин низом дар бисёр кишварҳо ҷорист.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин низом ба содагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ (ҳукумати электронӣ) ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи рушди сайёҳӣ изҳор намуданд, ки «тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
«Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Айни ҳол дар қонунгузории мо муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводид доранд, то 3 рӯз муайян шудааст. Таҷриба ва омӯзиш нишон медиҳад, ки муҳлати зикршуда барои шаҳрвандони хориҷӣ кофӣ нест»,- иброз доштанд Президенти мамлакат.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки доир ба масъалаи то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарори дахлдор қабул намояд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат, раванди додани раводид бе муҳайё сохтани инфрасохтори дахлдор дар сарҳади давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бояд тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи ягона пайваст карда шуда, низоми идоракунӣ такмил дода шавад.
АМИТ "Ховар"