Дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои гумрукӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумрук Сӯҳроб Сайдализода бо роҳбари гурӯҳ, муовини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Эркин Умэр мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни гуфтушунид тамоми пешниҳодҳое, ки аз тарафи гурӯҳи кории Тоҷикистон баён гардид, пурра қабул шуда, Протокол — меморандум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи равнақ додани ҳамкорӣ байни ин мақомот, аз ҷумла, ташкил намудани шароити мусоид барои табодули маълумот, гузаронидани амалиёти якҷоя оид ба мубориза бар зидди қочоқи яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводи мухаддир, наботот ва ҳайвоноти нодире, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд, ба имзо расонида шуд.
Иштирокдорони ҷаласа дар доираи сафари корӣ аз минтақаи озоди иқтисодии ҳамин шаҳр ва дидбонгоҳи наздисарҳадии «Қаросу»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар баландии 4 ҳазору 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, дидан намуда, бо тартиби барасмиятдарорӣ, назорати гумрукӣ ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз маҳалли барасмиятдарории гумрукӣ то маҳалли содироти он аз сарҳади гумрукӣ шинос шуданд.
АМИТ "Ховар"