Дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 январ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Эҷоди ҳамкории минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи пайвандсозии бехатарӣ ва рушд”, ки таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш Дабири Кулли СММ, вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Кувайт, Россия, Гвинеяи экваторӣ, муовинони вазири корҳои хориҷии ИМА, Афғонистон, Нидерланд ва дигар намояндагони кишварҳои аъзои СММ ширкат ва суханронӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти доғи рӯз дар минтақа, аз ҷумла, бадшавии вазъ дар Афғонистон, афзоиши терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва тағйирёбии муҳити зист ҷалб намуд.
С. Аслов иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор кардани сулҳу амният дар Афғонистон тавассути рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он кишвар бар он ақида аст, ки ҳамкории минтақавӣ унсури муҳим дар таҳкими субот дар ин кишвари ҷангзада ва дар саросари минтақа мебошад. Барои ҳалли ин мушкилот пиёдасозии иқдомоти қавитар тариқи тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокати минтақавӣ зарур арзёбӣ гардид.
Сироҷиддин Аслов ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои татбиқи пружаҳои иҷтимою иқтисодӣ дар ин кишвар, бахусус лоиҳаҳои минтақавӣ, ба мисли КАСА-1000, ТУТАП ва ғайраҳо, ки барои рушди устувори Афғонистон заминаи муҳим мегузоранд, кумакҳои беғаразонаи худро дареғ надоранд.
АМИТ "Ховар"