Субҳи имрўз бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаджиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт.
Аз дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз мунсибатҳои ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба тадриҷан рушд ёфтани ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва таҳкими он барои минбаъд мубодилаи афкор намуданд.
Сафир Хаджиме Китаока изҳори эътимод кард, ки дар давоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дўстона ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар кўшиш ба харҷ хоҳад дод.