Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Ҳунар омӯз…» доир гардид

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» намоиши эҷодии ҳунармандони мардумӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи он муаррифии офаридаҳои ҳунармандон ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

  Ба намоиши «Ҳунар омӯз…» муовини Сарвазири  мамлакат Матлубахон Сатториён, кормандони  масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат  ва аҳли ҳунар шинос шуда, ба офаридаю дастранҷи ҳунармандони минтақаҳои гуногуни мамлакат  баҳои баланд доданд.

 

Tags: