27 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавии идона доир гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуд.
Барномаи идона аз тамошои намоиши саҳначаҳои театрикунонидашуда бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, маҳфили шеъру суруди мактаббачагон, ваҳдатсароии адибон оғоз ёфта, дар раванди он раиси вилоят аз намоиши махсуси ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои ихтироъкорони ҷавон дидан намуд.
Сипас, қисми тантанавии чорабинӣ дар толори боғи фарҳангӣ идома ёфта, консерти ҳунармандони раёсати фарҳанги вилоят ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
АМИТ «Ховар»/