5 декабри соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар Эътимодномаи худро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия, доктор Александер Ван дер Беллен супорид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбати кӯтоҳ ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.
АМИТ "Ховар"