Имсол тибқи дурнамо дар майдони 607 ҳазору 534 га шудгори заминҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 27 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ майдони 157 ҳазору 445 га шудгор карда шуд, ки 26%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Шудгори заминҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 87 ҳазору 611 га ё 29 %, дар вилояти Суғд 49 ҳазору 735 га ё 24%, дар ВМКБ 3704 га ё 46 % ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ҳазору 395 га ё 18 % -ро ташкил медиҳад. Дар мавсими шудгор 19 ҳазору 503 адад тракторҳои шудгоркунанда омодаи кор буда, 9584 адади он то имрӯз ба кор сафарбар карда шудаанд.
Инчунин имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ босуръат идома дорад. Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар 87 ҳазору 457 га кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст.
Аз ҳисоби кишти умумии зироат дар ҷумҳурӣ дар 75 ҳазору 453 га ғалладонагиҳо кошта шудаанд, аз ҷумла, 59 ҳазору 862 гектарро гандум ва 9702 гектарро ҷав ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 11 ҳазору 547 га кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуд, ки 70 %-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2282 га зиёд мебошад.
Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ситоди корӣ таъсис додааст. Ба иттилои манбаъ, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
АМИТ "Ховар"