Дар Пекин Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд

7 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки дӯстони кишвари мо – собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон ва дипломатҳои собиқадори Чин, инчунин донишҷуёни тоҷик ва кормандони Сафорат Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Дар рафти чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода аз таърих ва раванди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафу вазифаҳои гузошташуда, саҳми он дар пешрафт ва дастовардҳои кишвар, аз ҷумла комёбиҳо дар самти сиёсати хориҷӣ, хусусан ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, инчунин оид ба муносибатҳои батадриҷ рушдкунандаи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин сухан гуфта, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи ҷашнӣ табрик намуд.

Донишҷуёни тоҷик ва собиқадорони дипломатияи Чин низ дар суҳбат фаъолона иштирок намуда, фикру таассуроти худро нисбат ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он дар рушди кишвар иброз доштанд.

АМИТ "Ховар"