Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 24 ноябри соли 2017, аз соати 1100 то 1400 дар пойтахт мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» баргузор мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳои мазкур бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим нигаронида шуда, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд.
АМИТ"ХОВАР"