Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қонун бо мақсади мушаххас намудани доираи кӯдаконе, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бархӯрдор мегарданд, таҳия шудааст.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"