Ширкати ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» арзиши чиптаҳои ҳавопайморо дар самти Душанбе – Тошканд то 200 сомонӣ арзон намуд. Дар ин хусус маркази матбуоти ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» иттилоъ медиҳад. Дар ин росто минбаъд сокинони ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон доранд бо 65 евро, муодил ба 676,5 сомонӣ барои як самт чиптаи ҳавопаймо дастрас намоянд. Арзиши чиптаи ҳавопаймо дар ду самт 130 евро ё 1353 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки нархи чиптаи ҳавопаймо шурӯъ аз оғози парвозҳо дар масири Тошканд -Душанбе барои як самт 1234 сомониро ташкил медод. Ин иқдом бо мақсади ҷалби бештари мусофирон дар ин хатсайр ба роҳ монда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 25 сол, шурӯъ аз моҳи апрели соли равон ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвозҳоро дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд ба роҳ монд. Парвози ҳавопаймои «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ҳафтае як маротиба тавассути ҳавопаймои А 320 анҷом дода мешавад, ки он на танҳо рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро осон мегардонад, балки ба таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардумони ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.
АМИТ "Ховар"