Бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти Шартномаи байналмилалии савдои силоҳ» ҳамоиш доир гардид. Зикр шуд, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм яке аз нақшҳои муҳимро аслиҳа мебозад, ки он аз як тараф ҳамчун воситаи таъмини амнияти инфиродӣ ё дастаҷамъона ва ҳимоя, устувории сохтори давлатӣ, аз сӯи дигар, ҳамчун воситаи шиддатёбии авзои минтақавӣ, низоъҳои мусаллаҳона, паҳншавии ҳуқуқпоймолкунии инсон, ба тариқи зӯрӣ сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ, террор, бетартибиҳо, ки аз онҳо, пеш аз ҳама, аҳолии осоишта ба ҳар гуна азобу шиканҷа ва маъюбӣ мубтало мешаванд ва ранҷ мекашад, таъсир мерасонад. Ҳамоиш, ки бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон доир гардид, китоби «Тадқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти Шартномаи байналмилалии савдои силоҳ» рӯнамоӣ гардид. Зикр шуд, ки ин тадқиқот аввалин таҳлили интишоргардидаи мутахассисони миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар самти назорати додани силоҳ мебошад.
Тадқиқот фарогирии масъалаҳои тавсифи умумии Шартномаи байналмилалии савдои силоҳ, принсипҳои асосӣ, мақсад ва мавзӯи танзими ҳуқуқии шартномаи байналмилалии бисёрҷонибаи зикргардидаи ҳамчун яке аз механизмҳои маҷмӯӣ мебошад. Дар китоб ҳамзамон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдои силоҳ таҳлил гардида, асосҳои конститутсионӣ–ҳуқуқӣ дар соҳаи савдои силоҳ, шартномаҳои байналмилалии марбут ба савдои силоҳ, меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки фаъолиятро оид ба савдои силоҳ танзим мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Мавриди зикр аст, ки сароғоз аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли иродаи сиёсии устувор ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи қонунгузорӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омада, назорати давлатии додани силоҳ батадриҷ амалӣ гардида, сулҳу салоҳ дар ҷомеа таъмин гардид. Аз ҷумла, дар самти танзими ҳуқуқии силоҳ тағйирот ба вуҷуд омаданд. Бори нахуст Парлумони Тоҷикистон соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»-ро қабул кард, ки ба он давра ба давра иловаҳо ворид карда шуда, соли 2013 он дар таҳрири нав қабул гардид. Дар қонуни мазкур ҷиҳатҳои асосии ба таснифи намудҳои силоҳ дахлдошта, субъектҳои дар гардиши силоҳ ширкаткунанда, механизми танзими ҳуқуқии фаъолият доир ба иҷозатномадиҳӣ ва сертификаткунонӣ, инчунин тартиби гардиши силоҳ дар ҳудуди кишвар муайян гардидаанд.