Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади бошукӯҳ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок карданд. Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар тантанаи идонаи Рӯзи милитсияи тоҷик, ки нахустин маротиба пас аз корҳои навсозӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳамчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф, Раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди конститутсионии ҶТ Маҳкам Маҳмудзода, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони аҳли зиёи кишвар ва кормандону собиқадорони милитсияи тоҷик иштирок намуданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамаи иштирокдорони ҷамъомад ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод намуда, паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин муносибат қироат намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст: «Кормандони милитсия аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромию суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон саҳми басо арзанда гузоштанд… Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд».
Қоҳир Русулзода дар партави суханони Пешвои миллат нақши мақомоти корҳои дохилиро дар пешрафти иқтисодиёт ва баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назаррас арзёбӣ намуда, иброз дошт: «Бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир, ки ҷаҳонро буҳрони вазнини иқтисодӣ фаро гирифт, мо тавонистем маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ҳар сол то 7% рушд диҳем ва нақшаҳои буҷети давлатиро амалӣ намоем. Таъмин намудани ин нишондиҳандаҳо, пеш аз ҳама, рушди иқтисодиёт, ҷомеа ва беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум аст, ки аз сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Ин пешрафт аз фаъолияти босамар ва содиқонаи кормандони мақомоти қудратӣ вобастагии зиёд дорад. Вақте дар кишвар сулҳу субот, оромӣ ва таъмини амнияти миллӣ барқарор бошад, иқтисодиёт пеш меравад. Дар ин самт хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва тамоми сохторҳои қудратӣ бағоят калон аст».
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, чунин гуфт: «Маҳз рисолати созандаву бунёкоронаи Пешвои миллат буд, ки сатҳи зиндагӣ, обрӯю эътибор ва боварӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар миёни мардум хеле боло рафта, сатҳи малакаю дониши касбии онҳо низ хуб гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз эҳсоси ватандӯстӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлат имкон дод, ки мо бо садоқату фидокорӣ ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ дар роҳи расидан ба ҷомеаи ободу зебо ва азиз доштани муқаддасоти диёри биҳиштосоямон хизмат кунем».
Дар ҷамъомад аз ҷониби сарояндагони шинохтаи кишвар ба монанди Шуҳрат Сайнаков, Афзалшоҳ Шодиев, Фахриддини Малик, Амрохон Раҳимов , Саёҳат Кабирова, курсантони Академияи ВКД ҶТ ва гурӯҳи мардони ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола»-и ба номи Ғаффор Валаматзода, гурӯҳи балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ансамблҳои рақсии «Чаман», «Зебо» «Ҷаҳоноро» ва «Парасту» барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдкорона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашт ва бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки дорои 900 ҷойи нишаст мебошад, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, ба макони истироҳатию фароғатии сокинони пойтахт ва меҳмонони он табдил ёфтааст.
АМИТ "Ховар"