Дар шаҳри Норак оид ба масъулияти волидайн дар таълими фарзандон вохӯриҳои судманд доир гардиданд

шаҳри НоракДар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак  бо иштироки  раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух  Асрорӣ,  муовини аввали раиси  Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзобадал  Каримзода, омӯзгорону хонандагон ва падару модарон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯриҳо баргузор шуданд.  Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни  суҳбату  вохӯриҳо меҳмонон роҷеъ ба нақш ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус, инчунин тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар карда, аҳамияти ин қонунро ба мардум шарҳ доданд.

АМИТ"ХОВАР"