Дар шаҳри Норак ба ифтихори Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид

3 феврал бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Норак роҳпаймоӣ  таҳти унвони  «Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр
Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар роҳпаймоӣ зиëда аз 700 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Иштирокчиён бо шиору парчамҳои идона аз роҳи марказӣ гузашта, дар назди бинои Қасри фарҳанг ҷамъ омаданд.
Ҷавонони фаъоли  касбу кори гуногун иштирокчиёнро бо Соли ҷавонон табрик намуда, оид ба дастгирихои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.

Манбаъ: khovar.tj