Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад

6 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи аспдавонӣ ва кок-бору баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи кок-бору аз соати 09 то соати 14:00 давом намуда, мусобиқаи аспдавонӣ аз соати 14:00 оғоз мегардад.

Дар мусобиқаи кок-бору иштироки дастаҳои мунтахаби шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқа бо ширкати аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ ва дигар зотҳо роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.

Ғолибонро ҷоиза ва туҳфаҳои қиматбаҳо интизоранд.

АМИТ "Ховар"

Tags: