Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.
Дар саҳни Донишкада аз ҷониби донишҷӯён навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун пешниҳод гардиданд, ки ҳар кадом аз хони бою таърихи куҳан доштани мардуми тоҷик ҳикоят мекарданд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи деҳқонони мамлакат пешниҳоди бинандагон карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯён барномаи консертӣ, қироати шеъру суруд манзури бинандагон гардид, ки аз маҳорати воло ва шавқу рағбати донишҷӯён ба санъату мусиқӣ дарак медод.
Дар ҷараёни баргузории ҷашн ректори Донишкада Хайриддин Идиев зикр намуд, ки «Меҳргон ҷашнест, ки ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорати рӯзгори босаодат аст. Тамоми ин нозу неъмат ва таҷлили бошукӯҳи идҳои ниёгон самараи Истиқлолият мебошанд ва моро мебояд, ки ба қадри истиқлолият- ин неъмати бузургу бебаҳо расем».
АМИТ "Ховар"