Бозиҳои Осиё – 2018: варзишгарони тоҷик дар намуди ҷиу-ҷитсу ва вазнбардорӣ қувваозмоӣ мекунанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу (3 нафар) ва вазнбардорӣ (1 нафар) дар 18-умин  Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, иштирок менамояд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу 24-26 август ва вазнбардорӣ 20-27 август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон, 2 вазн миёни бонувон дар равияи «Ню Ваза» миёни ҳам рақобат мекунанд. Варзишгарони тоҷик  дар 3 вазн миёни мардон иштирок менамоянд. Дар намуди вазнбардорӣ бошад, рақобатҳо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат мегирад.

Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик Шоимард Абдулназаров дар вазни 62 кг, Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг, Абдуғафур Абдуллоев дар вазни  85 кг  ва Илҳомҷон Шукуров дар вазни 77 кг қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷикро дар  мусобиқаи мазкур мураббӣ Алиҷон Давлатов ҳамроҳӣ мекунад.

Бояд зикр кард, ки намуди ҷиу-ҷитсу мисли гӯштини кураш ва самбо бори аввал ба барномаи Бозиҳои Осиё ворид карда шудааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: