Субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш парвоз намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, даъвати мазкур аз ҷониби раиси палатаи намояндагони ин давлат Ҳабиб Ал Мелкӣ, раиси палатаи шӯроҳои Шоҳигарии Марокаш Абделҳаким Бенчамач ва Дабири кулли иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ сурат гирифта, он то 14 марти соли равон идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи нақша Акрамшо Фелалиев худи ҳамин рӯз дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми иттиҳоди котибони кулли давлатҳо-аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок менамояд.
АМИТ «Ховар»