Дар Академияи ВКД ҶТ оид ба роҳҳои татбиқи меъёрҳои қонуни танзим ҳамоиш баргузор шуд

12, 14 ва 17 октябри соли равон аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки молиявии Анҷумани ҳуқуқшиносони амрикоӣ (АБА РОЛИ) дар мавзӯи «Роҳҳои баамалбарории меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар форум курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов иштирок намуданд.

Дар давоми се рӯзи баргузории форум курсантону донишҷуён оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва такмили он андешаҳояшонро баён намуда, ба хулоса омаданд, ки ин қонун бо тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва назардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст.

Зикр шуд, ки барои он ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад, мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ ва анъанавӣ озод шаванд, давлат чораҳои зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд. Дар ҳолатҳое, ки урфу одат ва анъанаҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ба манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ мухолиф баромада, садди роҳи инкишофи ҷамъият ва давлат мегарданд, давлат на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор аст, ки онҳоро мавриди танзим қарор диҳад, ба манфиати миллату халқ мувофиқ намояд ва барои озодона изҳор намудани фикру ақидаҳои хеш ба шаҳрвандон мусоидат намояд.

Иштирокчиёни форум бо мақсади такмили қонунгузорӣ таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: