Дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар миқёси вилояти Суғд 52 корхонаву коргоҳҳои нав қариб бо 500 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, тибқи нақша соли 2017 бояд дар вилоят 56 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешуд. Ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6,9 млрд. сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 132,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти вилоят — соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва густариши иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, ба иҷрои ҳадафи пешгузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – гузаштан аз сохтори аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ дастёб гардид, ки ин барои гузариш ба рушди саноатии ба инноватсияҳо асосёфта заминаи қавӣ гузошт.
АМИТ «Ховар»