Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагон се санад: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода зимни муаррифии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун изҳор кард, ки Созишномаи мазкур зимни сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Урдун, 10 декабри соли 2017 дар шаҳри Уммон ба имзо расидааст. Созишнома ба таҳкими ҳамкории иқтисодии ду давлат нисбат ба сармояи сармоягузорони як тараф дар ҳудуди тарафи дигар бо эътирофи муҳимияти таъмин намудани механизми ҳимояи сармоягузориҳо тибқи қонунгузории миллии давлатҳои худ ва тавассути меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.
Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ҳар яке аз тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад. Ҳар як тараф кафолат медиҳад, ки тамоми интиқолҳои марбут ба сармоягузорӣ озодона ва бетаъхир дар ҳудуди кишварҳо амалӣ карда мешаванд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода вобаста ба ин санад иброз дошт, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ аз тарафи Президенти мамлакат барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааст. Созишнома асосҳои ҳуқуқии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илм, экология, нақлиёт ва сайёҳиро муайян мекунад.
Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода вобаста ба Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» изҳор кард, ки маблағи иловагӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур 15 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, ки аз ин 7,5 миллион доллари амрикоӣ гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва боқимонда маблағҳои қарзӣ мебошанд. Муҳлати пардохти қарз 38 сол буда, давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ 6 солро дар бар мегирад.
Боиси зикр аст, ки айни ҳол лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба маблағи 25,9 миллион доллари ИМА аз ҷониби вазоратҳои кишоварзӣ ва молияи ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст. Дар натиҷаи маблағгузории иловагӣ соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағҳои қарзии нисбатан имтиёзнок дастрасӣ пайдо намуда, соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна рушд меёбад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба соҳибкорони ҷавон, занон ва шахсони маъюб, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, дар ҳаҷми 2,5 миллион доллари ИМА грантҳо дода мешаванд.
Муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ҳангоми муаррифии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр кард, ки созишномаи мазкур аз ҷониби вазирони мудофиаи ҳарду кишвар моҳи марти соли 2018 ба имзо расонида шудааст. Созишнома тартиби транзити борҳои ҳарбӣ ва контингентҳои ҳарбии Тоҷикистонро тавассути ҳудуди Ӯзбекистон тариқи нақлиёт, роҳи оҳан ва фазои ҳавоии ин кишвар ба танзим медарорад. Созишнома барои интиқоли ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳ дар маъракаи даъват ва дигар ҳолатҳо тавассути ҳудуди Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.
Баъд аз муҳокимаю саволу ҷавоби вакилони мардумӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор созишномаҳои мазкурро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расонид.