Дурнамо ва рушди ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Қирғизистон дирӯз дар Душанбе зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баррасӣ гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳад, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқиро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба вазъи минтақа мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам таъкид карданд.
АМИТ "Ховар"