Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 400 санҷиш гузаронида шуда, беш аз чор ҳазор адад фиттаҳои пастсифат мусодира ва нобуд карда шуданд.
Дар ин бора директори Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеоии вилояти Хатлон Лутфияи Толиб хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне, ки ба фурӯши маводи аудиовизуалӣ, аз қабили фиттаҳои пастсифату ғайриқонунӣ, қалбакӣ, дорои хусусияти зӯроварӣ, ваҳшоният ва ғайриахлоқӣ машғуланд, аз ҷониби намояндагони Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеоии вилояти Хатлон дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят санҷишҳои махсус гузаронида мешаванд.
«Мо аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиш гузаронидем. Хушбахтона, дар ин ҷойҳо ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта нашуданд. Дар 20 шаҳру ноҳияи дигар аз ҷониби мутасаддиёни соҳа барои коҳиш додани фурӯши дискҳои қалбакӣ чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд»,-иброз дошт Лутфияи Толиб.
АМИТ «Ховар»