Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Индонезия

Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории судманд бо кишварҳои исломӣ ва минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ аҳамияти хосса дода рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро бо бузургтарин кишвари исломӣ – Ҷумҳурии Индонезия дорои аҳамияти муҳим меҳисобад.

Аз вазъи кунунии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва наздикию мувофиқати мавқею назарҳои ҷонибҳо нисбати масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи мустаҳкаму боэътимоди тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маънидод гардид.

Тавре таъкид шуд, ҳаҷми савдои хориҷӣ ва гардиши мол байни Тоҷикистону Индонезия шаҳодат аз он медиҳад, ки иқтидору имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар арсаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол дар шакли матлуб ва самаранок истифода нашудаанд.

Ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва мунтазам гузаронидани ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ин Комиссия зарур шуморида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди баргузории ин гуна машварату муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ дар оянда иштироки ҷониби Индонезия дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон афзун гардида шароити мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои навини Индонезия дар ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад.

Таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, рушди туризми кӯҳӣ ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок,ки имконоти Тоҷикистон дар ин соҳаҳо хело бузург мебошад аз самтҳои дигари муҳими муштаркоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Индонезия арзёбӣ шуд.

Дар ин замина ҳамчунин аз ҷониби сарони ду давлат барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва либосворӣ, истихроҷи ангиштсанг ва бунёди неругоҳҳои  хурду миёнаи барқи обӣ  ҳамчун самтҳои наву ояндадори ҳамгироии дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар музокироти сатҳи олӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Индонезия дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Индонезия ҳавсмандӣ зоҳир намуда баргузории  намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии Индонезияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2012 ва ба роҳ мондани муколамаи васеи ходимони илму адаби ҳар ду ҷонибро иқдоми муҳиме дар роҳи ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои фарҳангӣ медонад.Идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф  дар чаҳорчӯби барномаи Дармасисва (Барномаи омузишии бурсиявӣ барои хориҷиён)    ва  бештар ба таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Индонезия низ дар шароити кунунӣ амали барои ҳар ду ҷониб мафиатбор арзёбӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамзамон омодагию ҳавасмандии худро дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироти ҳайатҳои расмӣ аз Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба  Тоҷикистон  сафари расмӣ анҷом диҳанд.Даъват бо камоли майл ва изҳори омодагии ҳамаҷониба  пазируфта шуд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: